Агентии Оғо Хон ба Хадамоти ёрии таъҷилии Хоруғ таҷҳизоти радиоӣ тақдим кард

Агентии Оғо хон оид ба макони зист дар Тоҷикистон ба Хадамоти ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ҳашт таҷҳизоти радиоиро, ки арзиши 4 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд, тақдим намуд. Таҷҳизотҳои радиоӣ, ки бо дархости Раёсати тандурустии ВМКБ аз ҷониби Агентии Оғо Хон оид ба макони зист хайрия шуданд, фаъолияти Хадамоти […]

Иттилоияи расмӣ

Агентии Оғо хон оид ба макони зист дар Тоҷикистон ба Хадамоти ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ҳашт таҷҳизоти радиоиро, ки арзиши 4 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд, тақдим намуд.

Таҷҳизотҳои радиоӣ, ки бо дархости Раёсати тандурустии ВМКБ аз ҷониби Агентии Оғо Хон оид ба макони зист хайрия шуданд, фаъолияти Хадамоти ёрии таъҷилии тиббиро дар вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар тамоми шаҳр дастгирӣ мекунанд.

Роҳбари департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи Aгентии Оғо Хон оид ба макони зист, Наҷиб Яминов, ки таҳвили расмиро анҷом дод, робитаи муҳими байни Aгентии Оғо Хон оид ба макони зист ва мақомоти маҳаллии ВМКБ-ро қайд намуда, изҳор намуд: “Иртиботи хуб дар вақти ҳолатҳои фавқулодда хеле муҳим аст, алахусус дар ин давраи сирояти КОВИД-19 ва аз ин рӯ Aгентии Оғо Хон оид ба макони зист ифтихор дорад, ки ин даъватро барои дастгирӣ саривақт амалӣ намуд".

Алиназаров Давлатбек, сардухтури Хадамоти ёрии таъҷилии тибии шаҳри Хоруғ барои дастрасӣ гирифтан ба ин таҷҳизот изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард: “Мо ҳақиқатан ба Агентии Оғо Хон оид ба макони зист дар Тоҷикистон барои саривақтӣ хайрия намудани таҷҳизотҳои радиоӣ миннатдор ҳастем. Ин таҷҳизотҳо фаъолияти ёрии таъҷилиро самаранок мекунанд ва барои кӯмаки таъҷилии тиббии саривақтӣ ба беморон нақши муҳим мебозанд”.

Агентии Оғо Хон оид ба макони зист ва дигар оҷонсиҳои Хадамоти Оғо Хон оид ба рушд барои дастгирӣ намудани Ҳукумати Тоҷикистон дар идоракунии ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла КОВИД-19 дар саросари мамлакат масъул мемонад.

Маълумот оид ба Агентии Оғохон оид ба макони зист: Агентии Оғо Хон оид ба макони зист таҷрибаи Фокус – Кӯмаки Башардӯстона, Ташаббуси Шабакаи рушди Оғохон  дар самти идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, хадамоти банақшагирӣ ва сохтмони Оғо хон, Фонди Шоҳзода Садриддин Оғо хон оид ба Муҳити Зистро муттаҳид менамояд. Тавассути агентиҳои пешгузаштаи худ, Агентии Оғо Хон оид ба макони зист дар Тоҷикистон ва ҳамсоякишварҳои Қирғизистон ва Афғонистон аз соли 1997 инҷониб фаъолият дорад. Агентии Оғохон оид ба макони зист бо мақсади ташаккул додани бархӯрди маҷмуӣ ба тамоми ҷузъҳои таркибии муҳити зисти бехатар ва устувор, ки дар он ҷомеаҳо, оилаҳо ва афроди ҷудогона рушду равнақ карда метавонанд, таъсис дода шудааст.

Барои мубориза бо таҳдиди афзояндаи офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим, фаъолияти Агентии Оғо Хон оид ба макони зист ба таъмин намудани он равона шудааст, ки табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар чунон шароити физикие умр ба сар баранд, ки онҳоро то ҳадди имкон аз оқибатҳои офатҳои табиӣ эмин нигоҳ дорад; сокиноне, ки дар минтақаҳои дорои хавфи баланд зиндагӣ мекунанд, ба рафъ намудани офатҳо аз ҷиҳати омодагӣ ва посух қодир бошанд; ва чунин шароит дастрасӣ ба он гуна хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва молиявиро фароҳам оранд, ки боиси пайдо шудани имконоти бештар ва сифати беҳтари зиндагӣ мегарданд. Айни ҳол минтакаҳои афзалиятноки фаъолияти Агентии Оғохон оид ба макони зист ин Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Қирғизитсон ва Ҳиндустон мебошанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.