Ҳабси раиси Кӯлоб ба гумони даст доштан дар коррупсия

Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода имрӯз, 8 июн ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуд. Тавре маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар медиҳад, қаблан Хурсандалӣ Хуррамов (27 май), ронандаи шахсии Иноятзода ва Фирӯз Қурбонов (3 июн), мудири қабулгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб ба иттиҳоми қаллобӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода имрӯз, 8 июн ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуд.

Тавре маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар медиҳад, қаблан Хурсандалӣ Хуррамов (27 май), ронандаи шахсии Иноятзода ва Фирӯз Қурбонов (3 июн), мудири қабулгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб ба иттиҳоми қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуда буданд.

“Дар рафти тафтишоти пешакӣ онҳо баёнот додаандд, ки ин кирдорҳояшонро бо супориши раиси шаҳри Кӯлоб содир намудаанд”, – қайд мешавад дар маълуомти КДАМ.

Ғайр аз ин, қайд мешавад дар хабар, аз сокинони шаҳри Кӯлоб доир ба амалҳои коррупсионии раиси шаҳр якчанд ариза ворид гардида, ҳангоми санҷиш далелҳои дар аризаҳо овардашудаи ҷабрдидагон тасдиқи худро ёфтанд.

Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Лекин дар маълумоти КДАМ дар бораи маҳз ба кадом амалҳои коррупсионӣ гумонбар дониста шудани Иноятзода маълумот дода намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.