Даргузашти ду писари Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур

Пас аз бемории вазнини тӯлонӣ писари калонии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур – Шириншо Шотемури хурдӣ дар синии 88-солагӣ дар Маскав аз олам даргузашт. Ӯ пас аз марги бародари хурдиаш Рустам Шотемур дар бемористон бистарӣ шудааст. Дар бораи даргузашти ӯ хешовандон ва дӯстони наздикаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. “Ба гуфтаи дӯстонаш, Шириншо Шотемур бе ин […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Пас аз бемории вазнини тӯлонӣ писари калонии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур – Шириншо Шотемури хурдӣ дар синии 88-солагӣ дар Маскав аз олам даргузашт. Ӯ пас аз марги бародари хурдиаш Рустам Шотемур дар бемористон бистарӣ шудааст.

Дар бораи даргузашти ӯ хешовандон ва дӯстони наздикаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

“Ба гуфтаи дӯстонаш, Шириншо Шотемур бе ин ҳам бемор буда, пас аз марги бародари хурдиаш дар бемористон бистарӣ шудааст.

“Хабари марги Рустами Шотемур бародари калонии 88-солаашро сахт мутаассир кард. Профессор Шириншо Шотемур яке аз беҳтарин рентгенологҳои Русия, ба беморхона афтода, дар маросими гӯронидани бародараш иштирок карда натавонист”, – навиштааст дар саҳифаи худ дар Facebook Иброҳим Аҳмедов.

Коргардони кино ва ходими сиёсӣ Давлат Худоназаров чӣ гуна бори нахуст ба Тоҷикистон омадани Шириншо Шотемури хурдиро ёдоварӣ кардааст.

Шириншо Шотемури хурдӣ рентгенолог, номзади илмҳои тиббӣ, дотсент ва омӯзгор мебошад. То синни 80-солагиаш дар беморхонаи ба номи Боткин кор кардааст.

Шириншо Шотемури калонӣ ходими сиёсӣ ва ҳизбии шӯравӣ, арбоби давлатӣ мебошад. Яке аз муассисони Ҷумҳурии Шӯравии Состсиалистии Тоҷикистон мебошад. Қаҳрамони Тоҷикистон (соли 2006, пас аз марг).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.