Мусобиқаи футболи Тоҷикистон аз 16 июн дубора барқарор мешавад

Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки бозиҳои даври панҷуми мусобиқаи Лигаи олии мамлакатро аз 16 июн оғоз кунад. Дар ҳамин ҳол, Федератсия қарор кардааст, ки баргузории чемпионат аз се марҳила ба ду марҳила кам мешавад. Тавре дар сомонаи Федерератсия гуфта мешавад, ба ин тариқ, аз рӯйи натиҷаҳои мавсими имсола дастаҳо ҳамагӣ 18 бозӣ мегузаронанд. Пас […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки бозиҳои даври панҷуми мусобиқаи Лигаи олии мамлакатро аз 16 июн оғоз кунад.

Дар ҳамин ҳол, Федератсия қарор кардааст, ки баргузории чемпионат аз се марҳила ба ду марҳила кам мешавад. Тавре дар сомонаи Федерератсия гуфта мешавад, ба ин тариқ, аз рӯйи натиҷаҳои мавсими имсола дастаҳо ҳамагӣ 18 бозӣ мегузаронанд.

Пас аз дубора барқарор шудани вохӯриҳои чемпионат онҳо бе ҳузури тамошобинони баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дастаҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон аллакай аз 1 июн ба машқу тамринҳо пардохтаанд.

Баргузории бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ охири моҳи апрел бар асари пандемияи коронавирус боздошта шуд.

То замони танаффус дастаҳо 4 бозӣ гузарониданд. “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хатлон”-и Бохтар бо касби 10-имтиёзӣ пешсафони ҷадвал мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.