Дар як қатор вазорату идораҳо тағйироти кадрӣ сурат гирифт

Asia-Plus

Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон ва қарорҳои ҳукумат дар як қатор вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарорҳои ҳукумати Сӯҳроб Мирзозода аз вазифаи муовини якум, Рустам Вализода аз вазифаи муовини вазири нақлиёт озод ва Раҳим Бобозода муовини якуми вазири нақлиёт, Шуҷоат Сироҷзода муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон таъин шуданд.

Сахидод Раҳматуллозода муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумат таъин гардида, Саидумрон Абдураҳмонзода ва Заррина Назарзода аз вазифаи муовинони раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумат озод карда шуданд.

Бо қарорҳои ҳукумат Раҳматулло Табарзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумат озод ва Нурулло Абдураҳимзода ба ин вазифа таъин шуд.

Бо Фармонҳои президент Баҳром Иноятзода аз вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, Абдуқодир Вализода аз вазифаи раиси шаҳри Турсунзода ва Парвиз Акрамзода аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалингозод карда шуданд.

Тибқи фармонҳои дигари Президенти ҶТ Абдуқодир Вализода – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, Парвиз Акрамзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода ва Муҳтадӣ Маҷидӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг таъин гардиданд.

Зимни мулоқот бо кадрҳои тозатаъин Сарвари давлат аз камбудиву қонуншиканӣ дар фаъолияти кории баъзе роҳбарони шаҳру ноҳияҳо мисолҳои мушаххас оварда, иброз дошт, ки дар фаъолияти хизматиатон бо ҳисси масъулияти баланд муносибат намоед ва дар чаҳорчӯбаи қонун амал кунед.

«Содиқона, поквиҷдонона ва бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ вазифаҳои худро ҳамчун хизматчии давлатӣ иҷро кунед, бо мардум робитаи наздиқ дошта бошед, қобилияти кордониву ташкилотчигиатонро сарфи корҳои ободониву бунёдкорӣ ва беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум сарф намоед!» – таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...