Раисони як қатор шаҳру навоҳӣ ба президент телефонӣ ҳисобот доданд

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳисоботи раисони шаҳри Панҷакент, ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахшро оид ба вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ, сабзавот ва мевагиҳо, кишти картошка, ҳолати беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, иҷрои супоришҳо оид ба чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии короновирус ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ шунид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикршуда оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини нақшаи 40 фоиз зиёд кардани майдони кишти картошка, ҷамъоварии саривақтию беталафи ғалладонагӣ, сабзавот, меваҷот, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи ниёзи аввал, беҳбуд бахшидани вазъи беморхонаҳо, таъмини табобатхонаҳо бо маводи лозимаи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон, тақвият бахшидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ миёни аҳолӣ ва марказҳои иҷтимоию хизматрасонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Пешвои миллат бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва паҳншавии бемории сироятӣ бори дигар ба раисони шаҳру ноҳияҳо барои дар ҳар як шаҳру ноҳия бунёд кардани беморхонаҳои сироятӣ супоришҳои қатъӣ дод.

Ҳамчунин Сарвари давлат дастур дод, ки мактабҳо ва муассисаҳои томактабиро таъмиру таҷдид карда, ба соли нави хониш омода созанд.

Аз раисони шаҳру ноҳияҳо талаб карда шуд, ки ҳар як оила бояд барои ду сол маводи хӯрокаро дар хонаҳояшон захира намоянд, тамоми иншооти соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакатро ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 тайёр карда, захираи сӯзишворӣ ва маводи хӯрокаро таъмин созанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...