Шаш сокини Хуросонро ба “эътирози оммавӣ” айбдор карданд

Муфаттишони Прокуратураи генералииТоҷикистон нисбат ба 6 сокини ноҳияи Хуросон, ки дар эътирози рӯзи 17-уми май иштирок карда буданд, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад, даҳҳо нафар аз ду деҳаи ноҳияи Хуросон, ки бар асари омадани сел хонаву дар ва заминҳои худро аз даст доданд, рӯзи 17-уми май ба нишони эътироз роҳи Бохтар-Душанберо […]

Муфаттишони Прокуратураи генералииТоҷикистон нисбат ба 6 сокини ноҳияи Хуросон, ки дар эътирози рӯзи 17-уми май иштирок карда буданд, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад, даҳҳо нафар аз ду деҳаи ноҳияи Хуросон, ки бар асари омадани сел хонаву дар ва заминҳои худро аз даст доданд, рӯзи 17-уми май ба нишони эътироз роҳи Бохтар-Душанберо бастанд.

Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода далели боздошти сокинонро ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуда, лекин тавсия дод, ки барои дарёфти ҷузъиёти масъала ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кунем. Дар маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ ба “Азия-Плюс” ин маълумотро тасдиқ ҳам накарданду инкор низ ва хоҳиш карданд, ки барои маълумоти муфассал ба онҳо хаттӣ муроҷиат намоем.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар ҳукумати вилояти Хатлон рӯзи 8-уми июн гуфтааст, чор нафар дар боздошт қарор дошта, ду тани дигар бо шарти берун нашудан аз ноҳия, дар озодӣ ҳастанд. Ба гуфтаи манбаъ, онҳо ба даъвати сокинон ба эътирози оммавӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ айбдор мешаванд.

“"Парвандаро муфаттишони Прокуратураи генералӣ тафтиш доранд. Маҳмадкарим Ҳасанов, Маҳмадраҷаб Холов ва бародарон Ҳусейн ва Кароматулло Ҳусейновҳо дар боздоштгоҳи тафтишотӣ қарор доранд. Ҳамаи боздоштшудагон сокинони деҳаи ба номи Неъматулло Асадулло мебошанд”, – гуфтааст манбаи Радиои Озодӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.