Шӯрои уламо: Рӯзҳои наздик масҷидҳо дар Тоҷикистон боз шуда метавонанд

Масҷидҳо дар Тоҷикистон дари худро барои ибодаткунандагон боз карда метавонанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” раиси Шӯрои уламои кишвар Саидмукаррам Абдуқодирзода хабар дод. “Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки ояндаи наздик доир мегардад, масъалаи дубора ба фаъолият оғоз кардани масҷидҳо баррасӣ мешавад. Алҳол дақиқан гуфта наметавонам, ки онҳо кай боз мешаванд. Мо […]

Масҷидҳо дар Тоҷикистон дари худро барои ибодаткунандагон боз карда метавонанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” раиси Шӯрои уламои кишвар Саидмукаррам Абдуқодирзода хабар дод.

“Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки ояндаи наздик доир мегардад, масъалаи дубора ба фаъолият оғоз кардани масҷидҳо баррасӣ мешавад. Алҳол дақиқан гуфта наметавонам, ки онҳо кай боз мешаванд. Мо аз Вазорати тандурустӣ маълумотро дар бораи вазъи эпидемиологӣ дар кишвар интизорем. Бо назардошти маълумоти онҳо, сари қароре меоем”, – гуфт Абдуқодирзода.

Лекин эҳтимоли боз шудани масҷидҳоро пас аз ҷаласа аз эҳтимол дур намедонад. “Агар чунин қарор қабул кунем, тамоми тадбирҳои пешгириву эҳтиёткориро меандешем”, – қайд кард ӯ.

Масҷидҳо дар Тоҷикистон аз 18 апрел бастаанд. Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус баргузории намозҳои дастаҷамъона, намози ҷумъа, намози таровеҳро дар моҳи Рамазон дар масҷидҳо манъ кард. Намози дастаҷамъонаи Иди Рамазон низ баргузор нашуд.

Ҳанӯз рӯзи 4 март Шӯрои уламо ба сокинони кишвар тавсия дод, ки ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимоли сироятёбӣ ва паҳн шудани бемории коронавирус, аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо, ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ кунанд.

Лекин шурӯъ аз 20 март Кумитаи дини Тоҷикистон хабар дод, ки сокинони кишвар метавонанд дар масҷидҳо намоз гузоранд, лекин баъди як моҳ боз онҳоро баст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.