Шӯрои уламо: Рӯзҳои наздик масҷидҳо дар Тоҷикистон боз шуда метавонанд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Масҷидҳо дар Тоҷикистон дари худро барои ибодаткунандагон боз карда метавонанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” раиси Шӯрои уламои кишвар Саидмукаррам Абдуқодирзода хабар дод.

“Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки ояндаи наздик доир мегардад, масъалаи дубора ба фаъолият оғоз кардани масҷидҳо баррасӣ мешавад. Алҳол дақиқан гуфта наметавонам, ки онҳо кай боз мешаванд. Мо аз Вазорати тандурустӣ маълумотро дар бораи вазъи эпидемиологӣ дар кишвар интизорем. Бо назардошти маълумоти онҳо, сари қароре меоем”, – гуфт Абдуқодирзода.

Лекин эҳтимоли боз шудани масҷидҳоро пас аз ҷаласа аз эҳтимол дур намедонад. “Агар чунин қарор қабул кунем, тамоми тадбирҳои пешгириву эҳтиёткориро меандешем”, – қайд кард ӯ.

Масҷидҳо дар Тоҷикистон аз 18 апрел бастаанд. Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус баргузории намозҳои дастаҷамъона, намози ҷумъа, намози таровеҳро дар моҳи Рамазон дар масҷидҳо манъ кард. Намози дастаҷамъонаи Иди Рамазон низ баргузор нашуд.

Ҳанӯз рӯзи 4 март Шӯрои уламо ба сокинони кишвар тавсия дод, ки ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимоли сироятёбӣ ва паҳн шудани бемории коронавирус, аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо, ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ кунанд.

Лекин шурӯъ аз 20 март Кумитаи дини Тоҷикистон хабар дод, ки сокинони кишвар метавонанд дар масҷидҳо намоз гузоранд, лекин баъди як моҳ боз онҳоро баст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...