Тоҷикистонии 18-сола ҳангоми наҷоти кӯдак дар Уфа ҳалок шуд

Date:

Дар шаҳри Уфа (Бошқирдистон) ҳангоми талоши наҷоти кӯдак ҷавони 18-сола аз Тоҷикистон ҳалок шуд. Ин ҳодиса дар дарёи Белая рӯзи 7 июн рух додааст. Ҷавон писарчаи дар ҳоли ғарқшавӣ қарордоштаро аз об берун меорад, вале худаш дигар ба соҳил баромада натавонистааст. Дар ин бора Bash.news хабар медиҳад.

Ҳоҷимурод Қаландаров дар Уфа таҳсил мекард. Имсол ӯ соли аввали Донишгоҳи аграриро хатм карда буд. Он рӯз ӯ ҳамроҳи дӯстонаш дар канори дарё (пляж)-и Белая истироҳат мекард. Вақте мебинад, ки кӯдак ғарқ шуда истодааст, худро ба об партофта, кӯдакро ба берун тела медиҳад, лекин худаш наҷот намеёбад.

Ғаввосон (водолазҳо) ҷасади ӯро баъди чанд соат дарёфт мекунанд. Ояндаи наздик ҷасади ӯ ба Тоҷикистон фиристода мешавад.

Дар робита ба ин ҳодиса дар соҳилҳое, ки барои оббозӣ пешбинӣ нашудаанд, хадамоти наҷотдиҳӣ рейдҳо мегузаронанд. Камбудиҳои ошкоршуда асосан ба таҷҳизоти наҷотдиҳии муҳлати истифодааш гузашта дахл доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...