Оғози амалиёти “Наврас” дар Душанбе. Бе ниқобонро меҷӯянд

Date:

Ҳадаф аз роҳандозии амалиёт ошкор кардани наврасоне мебошад, ки бе ниқоби муҳофизатӣ ва бидуни зарурате дар кӯчаву хиёбонҳо ба оворагардӣ машғуланд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, волидони ин гуна наврасон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Танҳо давоми як рӯзи баргузории амалиёт, 9 июн 92 нафар наврасон ошкор шудаанд, ки бе ниқобҳои муҳофизатӣ дар шаҳр гаштугузор мекарданд.

Зикр шуд, ки 85 нафар наврасон баъд аз гузаронидани суҳбат ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, 8 нафар барои оворагардӣ ба қабулгоҳи милитсияи пойтахт бурда шудаанд.

Милитсияи пойтахт падару модаронро огоҳ мекунад, ки дар сурати ошкор шудани ҳолатҳои бе зарурат ва бе ниқоб дар кӯчаву хиёбонҳо гаштугузор кардани фарзандонашон, онҳо мутобиқи меъёрҳои қонун "Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд” ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...