Оғози амалиёти “Наврас” дар Душанбе. Бе ниқобонро меҷӯянд

Ҳадаф аз роҳандозии амалиёт ошкор кардани наврасоне мебошад, ки бе ниқоби муҳофизатӣ ва бидуни зарурате дар кӯчаву хиёбонҳо ба оворагардӣ машғуланд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, волидони ин гуна наврасон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Танҳо давоми як рӯзи баргузории амалиёт, 9 июн 92 нафар наврасон […]

Аваз Юлдошев

Ҳадаф аз роҳандозии амалиёт ошкор кардани наврасоне мебошад, ки бе ниқоби муҳофизатӣ ва бидуни зарурате дар кӯчаву хиёбонҳо ба оворагардӣ машғуланд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, волидони ин гуна наврасон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Танҳо давоми як рӯзи баргузории амалиёт, 9 июн 92 нафар наврасон ошкор шудаанд, ки бе ниқобҳои муҳофизатӣ дар шаҳр гаштугузор мекарданд.

Зикр шуд, ки 85 нафар наврасон баъд аз гузаронидани суҳбат ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, 8 нафар барои оворагардӣ ба қабулгоҳи милитсияи пойтахт бурда шудаанд.

Милитсияи пойтахт падару модаронро огоҳ мекунад, ки дар сурати ошкор шудани ҳолатҳои бе зарурат ва бе ниқоб дар кӯчаву хиёбонҳо гаштугузор кардани фарзандонашон, онҳо мутобиқи меъёрҳои қонун "Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд” ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.