Дастури муайян кардани шумораи дақиқи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ дар пойтахт

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки то оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ, ки аз 1 октябр оғоз мегардад, омӯзиши шаҳрвандони синнусоли даъват ба хизмати ҳарбӣ роҳандозӣ ва шумораи дақиқи даъватшавандагон муайян карда шавад. Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, рӯзи 9 июн қарори раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи тасдиқи нақшаи […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки то оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ, ки аз 1 октябр оғоз мегардад, омӯзиши шаҳрвандони синнусоли даъват ба хизмати ҳарбӣ роҳандозӣ ва шумораи дақиқи даъватшавандагон муайян карда шавад.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, рӯзи 9 июн қарори раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати навбатии тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2020” ба имзо расид.

Дар қарор гуфта мешавад, ҷиҳати ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани даъватшавандагон то санаи 25 сентябри соли 2020 барои гузаштани муоинаи пешакии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, барои муолиҷаи онҳо дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёни касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасониҳо новобаста аз шакли фаъолияташон, ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ баҳри муташаккилона сафарбар намудани ҷавонписарони синнусоли даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ дастур дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.