ИМА Тоҷикистонро дар феҳристи кишварҳои поймолгари ҳуқуқҳои динӣ боқӣ гузошт

Радиои Озодӣ

Баҳои Амрико ба вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон тағйир накардааст ва Вашингтон бори дигар Душанберо барои риоя накардани ҳуқуқи мазҳабии шаҳрвандон танқид кард.

Дар гузориши Департаменти давлатии Амрико омадааст, дар Тоҷикистон шаҳрвандон барои пӯшидани ҳиҷоб ё мондани риш азият мешаванд ва давлат иштироки занону ноболиғонро дар маросими динӣ маҳдуд кардааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар гузориш қайд мешавад, ки маъмурони ҳукуматӣ занонро аз пӯшидани ҳиҷоб ва ё либоси бегона ба фарҳанги миллӣ манъ мекунанд: "Бар асоси қоидаҳои пазируфташуда (ғайрирасмӣ), ҳиҷоб ба рӯйхати либосҳои миллӣ дохил намешавад, ҳарчанд анъанаҳои либоспӯшии занон аз ҷумла пӯшидани сарро дар худ ҷой додааст."

Дар гузориши Департаменти давлатии Амрико гуфта мешавад, ки беш аз 90 дарсади мардуми Тоҷикистон мусалмон ҳастанд ва дар кишвар масеҳиёну яҳудиён низ ба сар мебаранд.

Муаллифони гузориши Департаменти Амрико аз таъқибу азияти ақаллиятҳои динӣ дар Тоҷикистон бахусус ҳабси пайравони ҷараёни масеҳии "Шоҳидони Яҳво" нигаронӣ кардаанд. Дар гузориш номи Шамил Ҳакимов, пайрави “Шоҳидони Яҳво”-ро зикр кардаанд, ки соли гузашта дар Хуҷанд бо гуноҳи “барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ” ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Инчунин гузориш аз он мегӯяд, ки мақомоти тоҷик чанд пайрави ин ҷараёни мазҳабиро дар соли гузашта бозпурсӣ кардаанд.

Дар гузориш ҳамчунин гуфта шудааст, ки мақомот фаъолияти равияи “Шоҳидони Яҳво”-ро манъ карданд, чун пайравони он аз хидмат дар артиш саркашӣ карданд. Дар гузориш аз қавли пойгоҳи “Форум 18” гуфта мешавад, дар шаҳрҳои Хуҷанду Конибодом ба зидди пайравони равияи “Шоҳидони Яҳво” рейдҳои пулис сурат гирифта, телефону шиносномаҳои он мусодира шудааст.

Амрико чаҳор соли ахир Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳое шомил кардааст, ки пайваста ва мудавом “озодиҳои диниро ошкоро маҳдуд кардаанд ва ё поймол кардани ҳуқуқи мазҳабиро нодида гирифтаанд.”

Бар асоси муқаррароти Иёлоти Муттаҳида, ҳукумати кишвар метавонад, ба зидди ин кишварҳо таҳримҳо ҷорӣ кунад, вале расман гуфтааст, ки бо назардошти аҳамияти зиёди Тоҷикистон барои манофеи миллии Иёлоти Муттаҳида аз ин кор худдорӣ меварзад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...