Парванда қатъ шуд. Ҳукми муҳлатҳои гуногуни зиндон ба ҳамлагарони дидбонгоҳи “Ишқобод”

Суди олии Тоҷикистон баррасии парвандаро аз рӯйи далели ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии №4 “Ишқобод”-и қисми ҳарбии “Султонобод” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки тирамоҳи соли гузашта сурат гирифта буд, ба итмом расонид. “Суди олии Тоҷикистон нисбати ҳамлагарон ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” ҳукм содир намуд. Онҳо ба муҳлатҳои гуногуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд. Ин ҳама маълумотест, […]

Суди олии Тоҷикистон баррасии парвандаро аз рӯйи далели ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии №4 “Ишқобод”-и қисми ҳарбии “Султонобод” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки тирамоҳи соли гузашта сурат гирифта буд, ба итмом расонид.

“Суди олии Тоҷикистон нисбати ҳамлагарон ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” ҳукм содир намуд. Онҳо ба муҳлатҳои гуногуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд. Ин ҳама маълумотест, ки мо ба ВАО пешниҳод карда метавонем”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти Суди олии ҷумҳурӣ.

Дар маркази матбуот доир ба шумори дақиқи маҳкумшудагон ва дигар ҷузъиёти ҳукм маълумот надода, изҳор доштанд, ки тафсилоти дигар надоранд.

Дар нишасти матбуотии рӯзи 3 феврал раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён хабар дода буд, ки аз рӯйи далели ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” Суди олӣ парвандаҳои ҷиноятиро нисбати 9 нафар баррасӣ дорад.

Шаби 6-уми ноябри соли 2019 гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳуҷум карданд. Дар ҷараёни ҳамла онҳо 5 автомати Калашниковро тасарруф намуданд. Мақомоти қудратӣ 15 нафар ҳамлагаронро кушта, 5 каси онҳо боздошт шуданд. Дар типарронии дуҷониба прапоршики Қӯшунҳои сарҳадӣ ва корманди ВКД Тоҷикистон ҳалок шуданд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳамлагарон аъзои созмони террористии “Давлати исломӣ” мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.