Дар парвандаи куштори варзишгари рус Сергей Чуев 6 тоҷикистонӣ назди суд ҷавоб мегӯянд

Прокурори Ҳавзаи маъмурии Ҷанубу Ғарбии Маскав хулосаи айбдориро нисбат ба 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тобистони соли гузашта ба варзишгар Сергей Чуев ҳамла карда буданд, тасдиқ кард. Тавре дар сомонаи Прокуратураи генералии Русия хабар дода мешавад, вобаста ба нақш ва сатҳи иштирок онҳо дар содир кардани ҷиноятҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси […]

Прокурори Ҳавзаи маъмурии Ҷанубу Ғарбии Маскав хулосаи айбдориро нисбат ба 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тобистони соли гузашта ба варзишгар Сергей Чуев ҳамла карда буданд, тасдиқ кард.

Тавре дар сомонаи Прокуратураи генералии Русия хабар дода мешавад, вобаста ба нақш ва сатҳи иштирок онҳо дар содир кардани ҷиноятҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги ҷабрдида шуд, авбошӣ, лату кӯб ва таҳдиди куштор гумонбар дониста мешаванд.

Тибқи фарзияи тафтишот, дар боғ онҳо ҷабрдидаро лату кӯб мекунанд, ки ӯ ба об меафтад. Идомаи лату кӯб ба он оварда мерасонад, ки ҷабрдида зери об рафта, ғарқ ва ҳалок мешавад.

Гуфта мешавад, дар айбномаи тафтишот инчунин зикр шудааст, ки баъди ин гумонбаршудагон ба дигар шахсони дар боғ сайругаштдошта низ таҳдид карда, нисбат ба се нафар занон ва як ноболиғ аз зӯроварии ҷисмонӣ кор гирифтаанд.

Парвандаи ҷиноятӣ ҷиҳати моҳиятан баррасӣ шудан ба суди ноҳияи Зюзино фиристода мешавад. Айбдоршавандагон дар ҳабс боқӣ мемонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...