Собиқ иштирокчии “Парвандаи Маскав” Самариддин Раҷабов 18 рӯз ба ҳабс гирифта шуд

Суди Пресненскии Маскав собиқ иштирокчии ба истилоҳ “Парвандаи Маскав” Самариддин Раҷабовро барои иштирок дар раҳпаймоии мувофиқанашудаи рӯзи 5 июн ба муҳлати 18 рӯз ба ҳабс гирифт. Дар ин бора Медуза хабар медиҳад. Суд Раҷабовро дар содир намудани қонуншиканӣ мутобиқи қисми 8, моддаи 20.2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазои 18 рӯзи ҳабси […]

Asia-Plus

Суди Пресненскии Маскав собиқ иштирокчии ба истилоҳ “Парвандаи Маскав” Самариддин Раҷабовро барои иштирок дар раҳпаймоии мувофиқанашудаи рӯзи 5 июн ба муҳлати 18 рӯз ба ҳабс гирифт. Дар ин бора Медуза хабар медиҳад.

Суд Раҷабовро дар содир намудани қонуншиканӣ мутобиқи қисми 8, моддаи 20.2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазои 18 рӯзи ҳабси маъмурӣ таъин кард.

Дар мурофиаи судӣ қайд шудааст, ки санад нисбати Раҷабов пас аз иштироки ӯ дар раҳпаймоии мувофиқанашуда рӯзи 5 июн дар Маскав тартиб дода шудааст.

Раҷабов рӯзи 9 июн боздошт шуд. Суд ӯро дар такроран вайрон кардани тартиботи баргузории чорабиниҳои оммавӣ (қ. 8, моддаи 20.2 КҲМ) гунаҳкор эътироф кард. «МБХ медиа» менависад, Раҷабов ба гуноҳаш иқрор нашудааст.

Қобили зикр аст, ки Самариддин Раҷабов рӯзи 27 июл дар гирдиҳамойии эътирозӣ дар Маскав низ иштирок карда буд. Ӯро ба ҳабс гирифта, дар иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ ва истифодаи зӯроварӣ нисбат ба корманди пулис айбдор карданд. Раҷабов бо он айбдор шуд, ки дар гирдиҳамойии эътирозӣ дар Маскав ба сӯйи кормандони Росгвардия шишаи пластикӣ ҳаво дода, бар асари он се корманди пулис осеб дидаанд.

Раҷабовро гунаҳкор эътироф намуда, 100 ҳазор рубл ҷарима карданд. Бо назардошти муҳлати боздошт дар ҳабс ва вазъи моддӣ, суд Раҷабовро бе ҷазо ҷавоб дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.