Ба реҷаи муқаррарии фаъолият баргаштани муассисаҳои тиббӣ

Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ба реҷаи пешинаи муқаррарии фаъолият бармегарданд. Маркази милии тиббии “Шифобахш” (Қарияи Боло) охирин беморони аз коронавирус шифоёфтаро ба хонаҳояшон ҷавоб дод. Танҳо дар корпуси 8-уми “Шифобахш” – Маркази клиникии бемориҳои дил – дар муддати як моҳ 315 бемори COVID-19 муолиҷа гирифтанд, ки беш аз нисфи онҳо дар ҳолати вазнин қарор доштанд. Дар […]

Парвиз Турсунзода, Asia-Plus

Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ба реҷаи пешинаи муқаррарии фаъолият бармегарданд. Маркази милии тиббии “Шифобахш” (Қарияи Боло) охирин беморони аз коронавирус шифоёфтаро ба хонаҳояшон ҷавоб дод.

Танҳо дар корпуси 8-уми “Шифобахш” – Маркази клиникии бемориҳои дил – дар муддати як моҳ 315 бемори COVID-19 муолиҷа гирифтанд, ки беш аз нисфи онҳо дар ҳолати вазнин қарор доштанд.

Дар навори видеои мо муовини директори Маркази клиникии бемориҳои дил Мастона Ҷумъаева ва духтури эҳёгар Азам Табаров дар бораи фаъолияти марказ замони пандемия изҳори назар мекунанд. Инчунин Алиназар Пирназаров, яке аз беморони аввалине, ки баъди пандемия бистарӣ шуд, низ ақидаи худро баён мекунад.

То шоми рӯзи 11 июн шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 4 ҳазору 834 нафарро ташкил медиҳад. Давоми шабонарӯзи гузашта, 1 кас аз ин беморӣ фавтида, шумори умумии фавтидагон ба 49 нафар расид.

Теъдоди умумии шифоёфтагон аз оғози эпидемия 3 ҳазору 62 касро ташкил дода, 887 нафар беморон дар муассисаҳои тиббӣ зери назорати табибон қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.