Эстакадаи Қарияи Боло 25 июн кушода мешавад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сохтмони эстакадаи сесатҳаи дуюм дар мавзеи буриши хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Абӯалӣ ибни Сино ба охир расида, он 25 июн ба истифода дода мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар маросими ифтитоҳи он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад.

Ба иттилои манбаъ, роҳи мошингард тариқи ин эстакада аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии Душанбе боз мешавад.

Аз рӯйи лоиҳа дар сатҳи дуюми ин эстакада роҳи ҳалқавӣ сохта шудааст, ки ҳаракати он тариқи чароғакҳо танзим ва идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб пули 125-метра бунёд шудааст. Дар лоиҳаи мазкур бунёди 4 гузаргоҳи зеризаминӣ барои пиёдагардон низ пешбинӣ шудааст.

Корҳои таъмиру сохтмони эстакадаи мазкур моҳи феврали соли 2018 оғоз гардида, тавре ки муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим пас аз боздид аз корҳои сохтмон моҳи декабри соли гузашта хабар дода буд, бояд баҳори соли 2020 ба итмом мерасид.

Қобили зикр аст, ки эсткадаи сесатҳа дар доираи амалисозии лоиҳаи “Беҳтар кардани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода, қитъаи роҳ аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд шуд.

Амалисозии лоиҳаи ба ин монанди сохтмони эсткада соли гузашта дар маҳаллаи 82-юми пойтахт ба анҷом расид. Аммо дар он ҷо ҳам алҳол корҳо пурра ба анҷом нарасида буданд: ҳаракат тариқи ин роҳ аз самти микрорайони 84-ум ба самти микрорайони 112-ум боз буда, қисмати ғарбии роҳ, аз микроайони 82-юм то дарвозаҳои ғарбӣ баста  боқӣ монда буд ва дар он ҷо корҳои сохтмон ҷараён доштанд.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе то соли 2030 дар пойтахти Тоҷикистон наздики 20 эстакадаи нав сохта мешавад.

Бино ба маълумоти шаҳрдории Душанбе, айни замон лоиҳаҳои сохтмони эстакадаҳои се ва дусатҳа дар мавзеъҳои Сирки давлатӣ, гардиши Комбинати нассоҷӣ (Текстил) ба самти Комбинати гӯшт (Мясокомбинат), гардиши фурудгоҳ, Комбинати равғану шир, сафорати ИМА дар Душанбе, маҳаллаи 102, дарвозаҳои ғарбии пойтаахт, Корхонаи сементбарорӣ, бозори”Корвон” дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.

Эстакадаҳои нав аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳрдории пойтахт ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ сохта мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...