Бо Covid-19 бистарӣ шудани вазири тандурустии Қазоқистон

Елжан Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон гуфтааст, баъди он ки ташхиси гирифториаш ба вируси корона натиҷаҳои мусбат нишон доданд, дар бемористон бистарӣ шуд. "Дӯстон, мутаассифона маҷбурам, ки хабари нохушро расонам. Ташхиси охири ман натиҷаи мусбат нишон дод. Ман дар бемористон бистарӣ шудам", – навиштааст вай рӯзи 14 июн дар саҳифаи Фейсбук. Бино ба иттилои Бахши хабарии […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Елжан Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон гуфтааст, баъди он ки ташхиси гирифториаш ба вируси корона натиҷаҳои мусбат нишон доданд, дар бемористон бистарӣ шуд.

"Дӯстон, мутаассифона маҷбурам, ки хабари нохушро расонам. Ташхиси охири ман натиҷаи мусбат нишон дод. Ман дар бемористон бистарӣ шудам", – навиштааст вай рӯзи 14 июн дар саҳифаи Фейсбук.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вай гуфтааст, тамоми чораҳои беҳдоштиро риоя кардааст, аммо "хатар ҳамеша вуҷуд дорад". Вазир ҳамзамон аз шаҳрвандони Қазоқистон даъват кард, ки "карантини шахсӣ"-ро риоя кунанд ва дар маконҳои ҷамъиятӣ бо ниқоб гашту гузор карда, фосилаи иҷтимоиро ҳам риоя намоянд.

Ба иттилои вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон, дар ин кишвар 14 ҳазору 496 кас гирифтори коронавирус шудаанд. То ин замон дар он кишвар 73 кас ин вабо фавтидаанд.

Қобили зикр аст, ки Аскар Мамин, сарвазири Қазоқистон низ баъди он гӯшанишинӣ ихтиёр кардааст, ки ахиран вазири тандурустии он кишвар Елжан Биртанов мубталои вируси корона ва дар бемористон бистарӣ шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.