Роҳи “Корвон”-ро бастанд. Лекин мо чӣ хел ба он ҷо рафтанро медонем (ХАРИТА)

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Шурӯъ аз 10 июн роҳи кӯчаи Южная (Ҷанубӣ) аз саршавии бозори “Корвон” то дарвозаҳои ҷанубии шаҳр барои таъмир баста шуд. Микроавтобус (маршрутка)-ҳо акнун ба бозор намераванд.

Аз шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки самти ҳаракати маршруткаҳои №52 ва №33, ки қаблан аз ҳамаи қисматҳои бозор мегузаштанд, тағйир дода шуд. Ин маршруткаҳо ҳозир то қисмат (сексия)-и 7-уми бозор мераванд, ки ин ҷо истгоҳи охирини онҳо мебошад.

Сокинон ва меҳмонони пойтахт танҳо пиёда роҳ рафта, то бозор мерасанд.

Инак, имрӯз чӣ гуна метавон то бозори “Корвон” расид? Ба харитаи мо бингаред:

Дирӯз баъди танаффуси якуниммоҳа ҳамаи бозорҳои либосфурӯшии кишвар, аз ҷумла бузургтарин бозор – “Корвон” низ фаъолияташонро барқарор карданд. Мо ба он ҷо рафта, бо вазъи бозор пас аз таваққуфи тӯлонӣ аз наздик шинос ва бо савдогарону харидорон ҳамсуҳбат шудем: гузориши видеоӣ инҷост.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...