Тоҷикистон алоқаи ҳавоиро бо Ӯзбекистону АМА барқарор мекунад

Asia-Plus

Аз 1 июл парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон бо хатсайрҳои байнулмилалӣ – Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ва Ӯзбекистон барқарор карда мешавад.

Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 мусофирони ин хатсайрҳо бояд ҳатман бо худ маълумотномаи тиббӣ дошта бошанд.

“Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки масъалаи ташкили парвозҳоро ба самти Русия, Туркия ва Чин мавриди омӯзиш қарор дода, ба Ситоди ҷумҳуриявӣ таклифу хулоса пешниҳод намояд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар мувофиқа бо Ситод ҳамчунин парвозҳои транзитӣ ва чартерӣ барои интиқоли молу маҳсулот тариқи хатсайрҳои байналмилалӣ анҷом дода мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус Тоҷикистон аз 20 март ҳамаи фурудгоҳҳояшро барои қабулу парвоз баст. Аммо баъдан якчанд парвозҳои чартерӣ ташкил карда шуданд, ки тоҷикистониёни дар хориҷи кишвар дармондаро ба ватан оварданд.

Алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистону Чин ҳанӯз охири моҳи январ ва бо кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон аз 16 март боздошта шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...