Тоҷикистон алоқаи ҳавоиро бо Ӯзбекистону АМА барқарор мекунад

Аз 1 июл парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон бо хатсайрҳои байнулмилалӣ – Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ва Ӯзбекистон барқарор карда мешавад. Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 мусофирони ин хатсайрҳо бояд ҳатман бо худ маълумотномаи тиббӣ дошта бошанд. “Агентии […]

Аз 1 июл парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон бо хатсайрҳои байнулмилалӣ – Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ва Ӯзбекистон барқарор карда мешавад.

Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 мусофирони ин хатсайрҳо бояд ҳатман бо худ маълумотномаи тиббӣ дошта бошанд.

“Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки масъалаи ташкили парвозҳоро ба самти Русия, Туркия ва Чин мавриди омӯзиш қарор дода, ба Ситоди ҷумҳуриявӣ таклифу хулоса пешниҳод намояд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар мувофиқа бо Ситод ҳамчунин парвозҳои транзитӣ ва чартерӣ барои интиқоли молу маҳсулот тариқи хатсайрҳои байналмилалӣ анҷом дода мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус Тоҷикистон аз 20 март ҳамаи фурудгоҳҳояшро барои қабулу парвоз баст. Аммо баъдан якчанд парвозҳои чартерӣ ташкил карда шуданд, ки тоҷикистониёни дар хориҷи кишвар дармондаро ба ватан оварданд.

Алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистону Чин ҳанӯз охири моҳи январ ва бо кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон аз 16 март боздошта шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.