Дар Тоҷикистон баргузории тӯйи хонадоршавиро иҷоза доданд

Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ба баргузории тӯйи хонадоршавӣ дар ҷумҳурӣ сар аз 20 июн иҷоза дода шуд. Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, туйи хонадоршавӣ муваққатан бояд дар доираи то 100 нафар даъватшуда ва танҳо 1 маърака дар маҳалли истиқомат ё дигар […]

Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ба баргузории тӯйи хонадоршавӣ дар ҷумҳурӣ сар аз 20 июн иҷоза дода шуд.

Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, туйи хонадоршавӣ муваққатан бояд дар доираи то 100 нафар даъватшуда ва танҳо 1 маърака дар маҳалли истиқомат ё дигар муассисаҳои хизматрасонӣ гузаронида шавад.

Гуфта мешавад, зимни баргузории маросим дар тарабхонаю ошхонаҳо бояд ҳатман қоидаҳои санитарию гигиенӣ риоя карда шаванд.

Ёдрас мекунем, ки бо сабаби пандемияи коронавирус аз 30 март баргузории маросими тӯйҳоро дар Тоҷикистон муваққатан манъ карданд. Мувофиқи тавсияҳои Ситоду ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус, баргузории маросими тӯйҳои хонадоршавӣ дар кишвар боздошта шуда, лекин бастани ақди никоҳ манъ нашуда буд.

Ҳамчунин Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба муқовимат бо коронавирус аъзои ситодро вазифадор намуд, ки барои пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус, захира ва нигоҳдории маводи доруворию маҳлулҳои безараргардонӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ ва пайваста анҷом додани корҳои безараргардонӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.