Имкони манъи кори хешовандони наздик дар ташкилотҳои қарзии давлатӣ

Имрӯз, 22 июн дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷаласаи Шӯро тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” баррасӣ шуданд, ки дар онҳо манъи кори якҷояи хешовандони наздик дар ташкилотҳои қарзии давлатӣ пешбинӣ шудааст. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Имрӯз, 22 июн дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҷаласаи Шӯро тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” баррасӣ шуданд, ки дар онҳо манъи кори якҷояи хешовандони наздик дар ташкилотҳои қарзии давлатӣ пешбинӣ шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, ин кор барои пешгирии хавфҳои амалиётии марбут ба фаъолият ё бефаъолиятии онҳо анҷом дода мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти МНМО ҶТ, мақсад аз қабули лоиҳаи қонун пурзӯр намудани низоми назорат аз болои фаъолияти бонкҳо ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба қонунгузории ҷорӣ ва амалияи пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи қонуни «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» низ баррасӣ шуд, ки таъмини кафолати пардохтҳои суғурта, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷабрдидагон ва ё фоидагирандагон ҳангоми расонидани зарар дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт зимни истифодабарии воситаҳои нақлиёт, ки ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии худро суғурта кардаанд, равона карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.