Ширкатҳои ҳавопаймоӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Русия меоранд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Тоҷикистон барои овардани шаҳрвандонаш тариқи парвозҳои махсус аз ҷониби Русия иҷоза гирифтааст, хабар дод манбаъи “Азия-Плюс” дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав.

“Хатсайри чартерии якум рӯзи 25-уми июн аз Маскав парвоз мекунад. Нархи чиптаҳо то ҳол маълум нест, он бо намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ мувофиқа шуда истодааст. Пас аз чанд муддат нархи чиптаҳо маълум ва аз кадом фурудгоҳ парвоз кардани ҳавопаймо муайян мешавад”, – гуфт манбаъ.

Вай афзул, ҳукумати Русия ба ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷик барои бурдани шаҳрвандонаш аз Тоҷикистон ҳам иҷоза додааст. “Рӯйхати шаҳрвандонро сафорати Русия дар Тоҷикистон тартиб дода, ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ пешниҳод мекунад”, – иброз дошт манбаъ.

Чиптаҳо танҳо мувофиқи рӯйхат

Қаблан сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба “Азия-Плюс” гуфта буд: “Чиптаҳо танҳо мувофиқи рӯйхати аз ҷониби комиссия таҳияшуда фурӯхта мешаванд. Агар ҳукумати Русия ба ширкатҳои ҳавопаймоии мо ҷиҳати бурдани шаҳрвандонаш аз Тоҷикистон иҷоза диҳад, нархи билет аз як самт ҳисоб мешавад. Лекин агар ҳавопаймоҳо ба Русия холӣ парвоз кунанд, табиист, ки нархи билет боло меравад”.

Ӯ инчунин қайд карда буд: “Дар навбати аввал занон бо кӯдакони хурдсол, занони ҳомила, шахсони пиронсол ва беморони вазнин сабти ном ва ба ватан бурда мешаванд. Дар идома шахсоне ба рӯйхат дохил хоҳанд шуд, ки қаблан бо корҳои хизматӣ ба Русия омаданду ин ҷо дармонданд”.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон барои баргардондани шаҳрвандонаш аз Русия 8 парвози махсус ба нақша гирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...