Боздошти милиса бо шариконаш барои қаллобӣ дар ҳуҷҷатгузории замин

Корманди Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД бо ҳаммаслаконаш барои ҳуҷҷатгузории қитъаҳои замин аз шаҳрвандон зиёда аз 600 ҳазор сомонӣ гирифтаанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, “милитсионери Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД Амрулло Мирзоев бо маслиҳати пешакӣ бо Сино Юсуфов ва дигарон моҳи апрели соли 2019 ба боварии шаҳрванд Дилноза […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Корманди Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД бо ҳаммаслаконаш барои ҳуҷҷатгузории қитъаҳои замин аз шаҳрвандон зиёда аз 600 ҳазор сомонӣ гирифтаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, “милитсионери Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД Амрулло Мирзоев бо маслиҳати пешакӣ бо Сино Юсуфов ва дигарон моҳи апрели соли 2019 ба боварии шаҳрванд Дилноза Муродова даромада, барои ҳуҷҷатгузорӣ карда додани 0,07 га қитъаи замин, аз ҳисоби замини наздиҳавлигии шаҳрванд Одинаев Ғ.Ҷ., маблағи 203000 сомонӣ талаб карда гирифта, онро тасарруф намуданд”.

Гуфта мешавад, ки Мирзоев А., Юсуфов С. ва дигарон инчунин бо ҳамин тарзу усул ба шаҳрванд Гулов А.Р., ба маблағи 44000 сомонӣ ва ба Назруллоев А.М. ба миқдори 366925 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расониданд.

Оид ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба Мирзоев А.Х. ва Юсуфов С.Ю. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ ҶТ (Қаллобӣ)  парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.