Иҷозаи то моҳи сентябр дар хобгоҳҳо мондани донишҷӯёни тоҷик дар Русия

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Аввали моҳи июн чанде аз муассисаҳои таълимии Русия аз донишҷӯёни хориҷӣ талаб карданд, ки то 30 июн хобгоҳҳоро тарк кунанд.

Ба донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Русия иҷоза дода шуд, ки то моҳи сентябр дар хобгоҳҳо зиндагӣ кунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, минбаъд мактабҳои олии Русия аз онҳо холӣ кардани хобгоҳҳоро талаб нахоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июн чанде аз муассисаҳои таълимии Русия аз донишҷӯёни хориҷӣ талаб карданд, ки то 30 июн хобгоҳҳоро тарк кунанд.

“Мо ба Вазорати маориф ва илми Русия муроҷиат карда, ин мушкилро ҳал кардем, – гуфтанд дар сафорат. – Акнун донишҷӯёни мо то оғози соли хониши нав дар хобгоҳҳои худ боқӣ монда метавонанд”.

Дар ҳамин ҳол, дар намояндагии дипломатӣ изҳор доштанд, ки “агар кадоме аз мактабҳои олӣ дубора холӣ кардани хобгоҳро талаб кунад, донишҷӯён метавонанд бо ин масъала бевосита ба сафорат муроҷиат кунанд”.

Зимнан зикр шуд, ки донишҷӯён бо парвозҳои хатсайрҳои чартерӣ метавонанд ба ватан фиристода шаванд.

“Тавре маълум аст, бо хатсайрҳои чартерӣ аз Русия дар навбати аввал занон бо кӯдакони хурдсол, занони ҳомиладор, шахсони калонсол ва касоне, ки бемории ҷиддӣ доранд, ба ватан фиристода мешаванд, – илова карданд дар сафорат. – Бо ҳамин хатсайрҳо мо якчанд нафар донишҷӯёнро низ бо хоҳиши худашон ба Тоҷикистон мефиристем”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...