Иҷозаи то моҳи сентябр дар хобгоҳҳо мондани донишҷӯёни тоҷик дар Русия

Аввали моҳи июн чанде аз муассисаҳои таълимии Русия аз донишҷӯёни хориҷӣ талаб карданд, ки то 30 июн хобгоҳҳоро тарк кунанд. Ба донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Русия иҷоза дода шуд, ки то моҳи сентябр дар хобгоҳҳо зиндагӣ кунанд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, минбаъд мактабҳои олии Русия аз онҳо холӣ кардани хобгоҳҳоро […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Аввали моҳи июн чанде аз муассисаҳои таълимии Русия аз донишҷӯёни хориҷӣ талаб карданд, ки то 30 июн хобгоҳҳоро тарк кунанд.

Ба донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Русия иҷоза дода шуд, ки то моҳи сентябр дар хобгоҳҳо зиндагӣ кунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, минбаъд мактабҳои олии Русия аз онҳо холӣ кардани хобгоҳҳоро талаб нахоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июн чанде аз муассисаҳои таълимии Русия аз донишҷӯёни хориҷӣ талаб карданд, ки то 30 июн хобгоҳҳоро тарк кунанд.

“Мо ба Вазорати маориф ва илми Русия муроҷиат карда, ин мушкилро ҳал кардем, – гуфтанд дар сафорат. – Акнун донишҷӯёни мо то оғози соли хониши нав дар хобгоҳҳои худ боқӣ монда метавонанд”.

Дар ҳамин ҳол, дар намояндагии дипломатӣ изҳор доштанд, ки “агар кадоме аз мактабҳои олӣ дубора холӣ кардани хобгоҳро талаб кунад, донишҷӯён метавонанд бо ин масъала бевосита ба сафорат муроҷиат кунанд”.

Зимнан зикр шуд, ки донишҷӯён бо парвозҳои хатсайрҳои чартерӣ метавонанд ба ватан фиристода шаванд.

“Тавре маълум аст, бо хатсайрҳои чартерӣ аз Русия дар навбати аввал занон бо кӯдакони хурдсол, занони ҳомиладор, шахсони калонсол ва касоне, ки бемории ҷиддӣ доранд, ба ватан фиристода мешаванд, – илова карданд дар сафорат. – Бо ҳамин хатсайрҳо мо якчанд нафар донишҷӯёнро низ бо хоҳиши худашон ба Тоҷикистон мефиристем”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.