Бозгашти наздики 300 нафар тоҷикистониён ба ватан аз Ӯзбекистону Қазоқистон

Тайи ду рӯз (28-29 июн) боз наздики 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ аз Ӯзбекистону Қазоқистон ба ватан оварда шуданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, 28 июн дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Ӯзбекистон 97 шаҳрванди Тоҷикистон тариқи гузаргоҳи “Дустӣ”-и сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба ватан оварда шуданд. “Ҳамчунин 29 июн […]

Тайи ду рӯз (28-29 июн) боз наздики 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ аз Ӯзбекистону Қазоқистон ба ватан оварда шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, 28 июн дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Ӯзбекистон 97 шаҳрванди Тоҷикистон тариқи гузаргоҳи “Дустӣ”-и сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба ватан оварда шуданд.

“Ҳамчунин 29 июн дар ҳамкорӣ бо мақомоти қазоқистонӣ 200 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Алмато ба Душанбе баргаштанд”, – зикр мегардад дар хабар.

Ёдрас мекунем, 20 июни соли равон аз ин ду кишвари ҳамоя 553 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар постгоҳи сарҳадии “Жибек Жоли”-и Қазоқистон ҷамъ омада буданд, ба ватан оварда шуданд.

Дар ин рӯз тариқи гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” зиёда аз 100 нафар тоҷикистониён аз Ӯзбекистон ба ватан баргардонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.