$30 млн гранти БОР баҳри дастгирии муҳоҷирони корӣ, ҷавонон ва занон дар Тоҷикистон

Бонки осиёии рушд ҷудо гардидани грантро ба маблағи 30 млн доллар барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси ҷавонон, занон ва муҳоҷирони корӣ дар Тоҷикистон тасдиқ кард. Гранти мазкур бо мақсади беҳбуди бо ҷойи кор ва музди меҳнати хуб таъмин будани онҳо, инчунин тавсеъаи имконоти агентииҳои шуғл ва муҳоҷират ҷудо мешавад. Иловатан ба он грант ба маблағи […]

Бонки осиёии рушд ҷудо гардидани грантро ба маблағи 30 млн доллар барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси ҷавонон, занон ва муҳоҷирони корӣ дар Тоҷикистон тасдиқ кард.

Гранти мазкур бо мақсади беҳбуди бо ҷойи кор ва музди меҳнати хуб таъмин будани онҳо, инчунин тавсеъаи имконоти агентииҳои шуғл ва муҳоҷират ҷудо мешавад.

Иловатан ба он грант ба маблағи 1,5 млн доллари Фонди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷопон низ тасдиқ шудааст, ки расмиёти маъмурии он аз ҷониби БОР анҷом дода мешавад.

“Лоиҳаи мазкур бахусус ҳозир хеле муҳим аст, зеро дар Тоҷикистон афзоиши бекорӣ ва шумори муҳоҷирони баргашта бар асари пандемия пешбинӣ мешавад, – гуфтааст роҳбари шуъбаи идоракунии лоиҳаҳои бахши иҷтимоӣ дар департаменти БОР оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Эйко К.Изава. – Лоиҳа ба бозомӯзии кормандони осебдида кумак карда, Тоҷикистонро аз таъсири зиёновари COVID-19 ба сармояи инсонӣ ҳимоя мекунад”.

Дар доираи лоиҳа дар Хуҷанду Бохтар ва Восеъ се маркази нави хизматгузорӣ барои муҳоҷирони баргашта ва онҳое, ки азми сафар доранд, се маркази нави намунавии кор дар Душанбе дар соҳаи сайёҳӣ, дар Роғун дар бахши энергеика ва дар Данғара дар соҳаи соҳаи кишоварзӣ таъсис дода мешаванд.

Амалисозии лоиҳа дар зарфи шаш сол пешбинӣ гардида, агентии иҷрокунандаи он Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мебошад.

Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуд. Саҳмдорони бонк 68 кишвар буда, 49-тои он дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд. Минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро ба минтақаи шукуфо, ҳамгиро, ба ҳаёт тобовар ва устувор табдил додан ва аз байн бурдани қашшоқӣ аз ҳадафҳои БОР унвон мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.