Майдони парчам, фермаи парандапарварӣ ва намоишгоҳ

Дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти Маркази ташхисию табобатии "Ваҳдат" оғози расмӣ бахшид. Бинои дуошёнаи марказ аз дорухона бо маводи дорувории гиёҳӣ, шуъбаҳои ҷарроҳии эндоскопӣ, дандонпизишкӣ, ташхиси фаросавтӣ, таҳлилгоҳ, утоқҳои физиотерапевтӣ ва солимгардонӣ иборат буда, барои беморон 10 кати хоб мавҷуд аст. […]

Дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти Маркази ташхисию табобатии "Ваҳдат" оғози расмӣ бахшид.

Бинои дуошёнаи марказ аз дорухона бо маводи дорувории гиёҳӣ, шуъбаҳои ҷарроҳии эндоскопӣ, дандонпизишкӣ, ташхиси фаросавтӣ, таҳлилгоҳ, утоқҳои физиотерапевтӣ ва солимгардонӣ иборат буда, барои беморон 10 кати хоб мавҷуд аст. Ин ҷо бо ҳузуруи сарвари давлат боз як иншооти тиббии дигар – бинои дуошёнаи Беморхонаи сироятии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар қаламрави ин деҳот Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ба истифода дод. Майдони парчам дар маҷмӯъ масоҳати 0,45 гектар заминро дар бар гирифта, баландии он бо таҳкурсияш 50 метрро ташкил медиҳад.

Президент дар деҳоти Хистеварз инчунин Маҷмааи хизматрасонии “Гулистон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бино аз 4 ошёна иборат мебошад. Дар ин ҷо мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонии бонкдорӣ шароити мусоди фароҳам оварда шудааст. Дар ҳамин ҷо ӯ бо кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва ятимон мулоқот намуда, ба 50 кӯдаки ятим туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии "Абдуғаффор Ҷабборов"-и деҳоти Хистеварз шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин хоҷагӣ дар майдони 10 гектар замини корами обӣ таъсис ёфта, дар 2 гектари он боғ бунёд карда шудааст.

Имсол дар 3 гектар замини ин хоҷагӣ пахта, 4 гектар помидор ва дар боқимонда заминҳо хӯроки чорво кишт шуда, ҳосилнокии пахта бояд на камтар аз 30 сентнерро ташкил диҳад. Ҳосили интизории помидор ба 140 тонна аз як гектар баробар аст.

Дар идома раисҷумҳур фермаи парандапарварии ҶДММ "Чӯҷаи Байзо"-ро ифтитоҳ кард. Ферма аз ҷониби соҳибкори ҷавон Азимҷон Пӯлодов бунёд карда шудааст.

Он аз 7 қисм иборат мебошад ва дар масоҳати 1,48 гектар доман густурдааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» ташриф оварда, аз намоишгоҳи зардолу ва асал боздид кард. Дар ин ҷо, аз ҷумла 35 навъи маъмулу серҳосили зардолуи маҳаллӣ, навъҳои гуногуни асал ва прополис ба намоиш гузошта шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.