Ҳабси ронандае, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ номидааст

Кормандони милитсияи пойтахт ронандаеро боздошт карданд, ки дар навор гуфтааст, 15 қадаҳ машруботи спиртӣ нӯшида, мошинро идора мекунад ва дорои шаҳодатномаи махсус аст, ки ӯро кормандони БДА манъ карда наметавонанд. Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар Душанбе, дар натиҷаи пешбурди чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ронандаи мазкур шаҳрванд Азаматқул Ҷумъаев буда, ҳангоми идораи воситаи нақлиёти шахсии […]

Кормандони милитсияи пойтахт ронандаеро боздошт карданд, ки дар навор гуфтааст, 15 қадаҳ машруботи спиртӣ нӯшида, мошинро идора мекунад ва дорои шаҳодатномаи махсус аст, ки ӯро кормандони БДА манъ карда наметавонанд.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар Душанбе, дар натиҷаи пешбурди чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ронандаи мазкур шаҳрванд Азаматқул Ҷумъаев буда, ҳангоми идораи воситаи нақлиёти шахсии тамғаи “Тайота-Кемрӣ”, аломати қайди давлатияш 0101 ON 01 ба ҳаракатҳои намоишкорона даст задааст.

“Ӯ дар саҳифаи иҷтимоии Инстаграми худ ба пахши мустақим баромада, аз ҳисси ҳавобаландӣ чунин суханонро изҳор доштааст. Зимни пурсиши номбурда ва санҷиш муайян карда шуд, ки ронанда Азаматқул Ҷумъаев дар ягон мақомоти давлатӣ фаъолият намекунад ва машғули соҳибкорӣ мебошад”, – хабар додааст Раёсати ВКД дар Душанбе.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Ҷумъаев парвандаи маъмурӣ барои паҳн кардани хабари бардурӯғ оид ба фаъолият доштанаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба ин васила иснод овардан ба шаъни мақомоти давлатӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ татбиқ гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.