Ҳазорон бемор дар Тоҷикистон коронавирусро дар хона табобат мекунанд

Зиёда аз 1000 нафар беморони коронавирус дар Тоҷикистон онро дар шароити хона табобат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, ҳолати ин беморон қаноатбахш буда, онҳо зери назорату муоинаи табибони оилавӣ қарор доранд ва дар хонаашон муолиҷа мегиранд. “Шакли сабуки бемории аксари одамонро дар хонаи муолиҷа кардан мумкин аст. Табиби оилавӣ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Зиёда аз 1000 нафар беморони коронавирус дар Тоҷикистон онро дар шароити хона табобат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳолати ин беморон қаноатбахш буда, онҳо зери назорату муоинаи табибони оилавӣ қарор доранд ва дар хонаашон муолиҷа мегиранд.

“Шакли сабуки бемории аксари одамонро дар хонаи муолиҷа кардан мумкин аст. Табиби оилавӣ бояд аз ин огоҳ бошад, вазъи солимии онҳоро донад ва ҳолаташонро назорат кунад”, – гуфт ба “Азия-Плюс” сардухтури бемориҳои шуш (пулмонолог)-и Вазорати тандурустӣ Ҳакима Аҳмедова.

Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки танҳо табиб пас аз муоина метавонад муолиҷаи хонагӣ таъин кунад.

“Ҳатто ҳангоми шакли сабуки беморӣ ба духтур муроҷиат кардан лозим аст ва танҳо табиб муолиҷаи хонагӣ ё бистарӣ шудан дар бемористонро муайян карда метавонад. Зимни муолиҷаи хонагӣ низ риояи қоидаҳои гигиена, ниқоб пӯшидан ва худро аз дигарон ҷудо нигоҳ доштан зарур аст”, – илова кард табиб.

То шоми 30 июн шумори сироятёфтагони коронавирус дар Тоҷикистон 5 ҳазору 954 нафар ва теъдоди шифоёфтагон 4 ҳазору 568 касро ташкил дода, 256 нафар дар муассисаҳои тиббӣ зери муоинаи духтурон қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.