Камшавии даромади буҷети давлатӣ бар асари коронавирус

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 30-юми июн тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба Буҷети давлатӣ барои соли 2020 ҷонибдорӣ карданд. Тағйирот бо назардошти таъсири пандемияи бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми даромади буҷет, ҳамзамон афзудани эҳтиёҷоти иловагии соҳаҳои алоҳидаи иқтисодӣ миллӣ, бознигарӣ шудани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар барои соли 2020, инчунин […]

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 30-юми июн тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба Буҷети давлатӣ барои соли 2020 ҷонибдорӣ карданд.

Тағйирот бо назардошти таъсири пандемияи бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми даромади буҷет, ҳамзамон афзудани эҳтиёҷоти иловагии соҳаҳои алоҳидаи иқтисодӣ миллӣ, бознигарӣ шудани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар барои соли 2020, инчунин тавсияҳои созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ ва дурнамои ҳамкориҳои кишвар бо шарикони рушд ворид карда шуданд.

Ҳаҷми умумии нақшаи аниқшудаи даромади буҷети давлатӣ дар соли 2020 бо назардошти ҷалби маблағҳои грантӣ ба 23,6 млрд сомонӣ, ҳаҷми умумии хароҷот 26 млрд сомонӣ, касри буҷет ба 3,1 млрд сомонӣ ё 3,7 фоизи ММД баробар мешавад.

Қисмати даромади буҷети давлатии соли 2020 аз ҳисоби даромадҳои андозию ғайриандозӣ 2 млрд 349 млн сомонӣ кам мешавад.

Дар қисмати хароҷоти буҷет низ тағйирот сурат пазируфта, он ба маблағи 1 млрд 822 млн сомонӣ коҳиш меёбад. Камшавӣ ба бахши иҷтимоӣ, музди меҳнат, нафақа ва кумакпулиҳо дахл надорад.

Ҳамчунин маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҳисоби гранту қарзҳо дар ҳаҷми 977 млн сомонӣ ва аз ҳисоби захираҳои махсуси молиявии муассисаҳои давлатӣ дар ҳаҷми 81 млн сомонӣ коҳиш меёбад.

Мувофиқи тағйироти нав, барои пардохти маоши иловагӣ ба кормандони соҳаи тиб, ки бо коронавирус мубориза мебаранд, инчунин сохтмони НБО Роғун 1,9 млрд сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Ҳанӯз моҳи май Вазорати молияи кишвар хабар дода буд, ки дар давоми 4 моҳ ба буҷети давлатӣ наздики 60 млн доллар камтар аз нақша маблағ ворид шуд.

Сабаби ин миқдор кам шудани воридоти маблағ ба буҷетро дар Вазорати молия ба иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии чанде аз андозҳои асосӣ: андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад, андоз аз фоида ва аксизҳо нисбат доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.