Ба буҷети давлатӣ наздики $60 млн. камтар аз нақша ворид шуд

Давоми моҳҳои январ-апрели соли равон ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон 6 млрд 823 млн сомонӣ ё худ 91,9% аз нақшаи тасҳеҳшударо ташкил дод. Дар ин бора Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ба ин тариқ, даромади пешбинишуда ба маблағи беш аз 600 млн сомонӣ (зиёда аз 58 млн доллар) дар ин давра ба буҷет ворид нагардид. […]

Давоми моҳҳои январ-апрели соли равон ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон 6 млрд 823 млн сомонӣ ё худ 91,9% аз нақшаи тасҳеҳшударо ташкил дод. Дар ин бора Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ба ин тариқ, даромади пешбинишуда ба маблағи беш аз 600 млн сомонӣ (зиёда аз 58 млн доллар) дар ин давра ба буҷет ворид нагардид.

Сабаби ин миқдор кам шудани воридоти маблағ ба буҷетро дар Вазорати молия ба иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии чанде аз андозҳои асосӣ: андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад, андоз аз фоида ва аксизҳо нисбат медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки ҳиссаи воридоти маблағ аз пардохти андоз дар ҳаҷми умумии даромадҳо ба буҷети кишвар наздики 70%-ро ташкил медиҳанд.

Дар ин робита кам кардани баъзе хароҷот, аз қабили харидории мошину техника ва таҷҳизот, сӯзишворӣ, хароҷоти ҷорӣ, таъмири асосӣ ва сохтмони иншооти гуногун лозим омад. То аввали моҳи май аз ҳисоби кам кардани ин навъи хароҷот, ҳудуди 2,6 млрд сомонӣ сарфа шудааст.

Қаблан дар Вазорати молия ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки  дар шароити таъсири пандемияи коронавирус маҷбуранд, ба ҳукумат бозбинии нишондиҳандаҳои буҷетро дар соли равон пешниҳод кунанд.

Мувофиқи ҳисоби пешакии Вазорат, то охири сол ба буҷет метавонад беш аз 2,3 млрд сомонӣ камтар даромад ворид шавад.

“Азбаски хароҷоти буҷет ба воридоти даромад вобаста аст, кам кардани он ба сохтмони иншооти ҳоло бунёдаш оғознашуда ва ғайриафзалиятнок, таъмир, инчунин харидории техникаву таҷҳизот, мебел ва ғайра пешбинӣ мешавад. Чунин хароҷот мувофиқи ҳисоби Вазорати молия, 10-12% дар ҳар кадоме аз соҳаҳоро ташкил дода метавонанд”, – қайд карда буданд дар Вазорат.

Зикр гардида буд, ки то рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъият, бо қарори мақомоти қонунгузории ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ бозбинии хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.