Дар беш аз 50 каси тоҷикистониёни аз Туркия омада коронавирус ошкор шуд

Дар беш аз 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Истанбул омаданд, тест ба коронавирус натиҷаи мусбат дод. Дар ин бора ба “Азия-Плюс”як нафари аз Туркия омада хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар аксарияти онҳо ҳеҷ гуна аломати беморӣ мушоҳида намешавад, лекин ба ҳар ҳол, онҳоро аз дигарон ҷудо кардаанд. “Дар беш аз 50 нафаре, ки […]

Дар беш аз 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Истанбул омаданд, тест ба коронавирус натиҷаи мусбат дод. Дар ин бора ба “Азия-Плюс”як нафари аз Туркия омада хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар аксарияти онҳо ҳеҷ гуна аломати беморӣ мушоҳида намешавад, лекин ба ҳар ҳол, онҳоро аз дигарон ҷудо кардаанд.

“Дар беш аз 50 нафаре, ки бо мо тариқи хатсайри махсуси «Turkish Airlines» аз Туркия омаданд, коронавирус ошкор карданд. Онҳоро аз мо ҷудо карданд, лекин онҳо ҳеҷ гуна аломати беморӣ надоранд. Ба онҳо гуфтанд, ки баъди ду рӯз такроран тест мегиранд ва баъд сари як қароре меоянд. Касе муфассал чизе намегӯяд, ман маълумоти дақиқ надорам”, – хабар дод манбаъ.

Номбурда зикр кард, ки муддати 2 моҳи дар Истанбул ҳузур доштан ҳеҷ кас бемор нашудаву ягон аломати коронавирус надошт.

Дар ҳамин ҳол, Sputnik Тоҷикистон бо такя ба манбаъҳои худ аз эҳтимоли гирифтории ҳудуди 70 мусофири хатсайри Истамбул – Душанбе ба “вируси корона” хабар медиҳад.  Бино ба ин манобеъ, натиҷаи санҷиши 2 нафар мусбат баромадаааст.

Ёдрас мекунем, ки шаби 23 май ҳавопаймои «Turkish Airlines» 194 шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар Туркия қарор доштанд, ба Душанбе овард. Ин хатсайр аз ҷониби Туркия барои аз Тоҷикистон баровардани шаҳрвандони ин кишвар ташкил шуд. Ҳамаи шаҳрвандони ба Душанбе омадаро ба карантини дуҳафтаина дар истироҳатгоҳи Хоҷа Оби Гарм ҷойгир карда, онҳо дарҳол аз тести коронавирус гузаронида шуданд.

Ҳанӯз 18 апрел шаҳрвандони дар Туркия дармондаи Тоҷикистон ба унвони сарвари давлат бо дархости ба ватан баргардонидани онҳо нома навишта буданд. Он вақт зикр шуда буд, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо аз коронавирус сироят наёфта, лекин бинобар сабаби афзоиши шумори беморон, сироят ёфта метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.