Ҳукми 14 соли зиндон ба сокини Панҷ барои куштори хостгори духтараш

Аваз Юлдошев

Сокини ноҳияи Панҷ Хуршед Ғолибов ба хотири дӯст доштани духтари маҳаллӣ ва хоҳиши бо ӯ оила барпо кардан ҷони худро аз даст дод.

“Хуршед ба Дилафрӯз ошиқ шуда, моҳи октябри соли гузашта ба хонаи онҳо хостгор мефиристад. Падари духтар Нурмуҳаммад Нуров қатъиян розӣ набуд, ки духтараш ба ин ҷавон ба шавҳар барояд. Илова бар ин, моҳи декабри соли гузашта ӯ ҷиҳати ба хеши наздикаш Суҳроб Бобохонов хонадор шудани Дилафрӯз розигӣ дода буд”, – қайд мешавад дар хабари Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ.

Ғолибов аз ин хабардор шуда, ба Нуров телефон мекунад ва мегӯяд, ки бо духтараш се сол инҷониб муносибатҳои ошиқона дорад ва барои оила барпо намудан бо духтараш иҷозат диҳад.

“Рӯзи 24 январи соли равон Хуршед Ғолибов бо номзади имконпазири духтар Суҳроб Бобохонов ба хонаи Нурмуҳаммад Нуров меоянд. Ғолибов назди шоҳидон такрор мекунад, ки бо духтар се сол боз муносибати ошиқона доранд, вале Дилафрӯз инро рад мекунад. Ин замон падари духтар ба қисмати гардани Ғолибов ду маротиба бо корд зарба мезанад, ки дар натиҷа ҷавон ҳалок мешавад”, – қайд мешавад дар маълумот.

Бо қарори коллегия оид ба парвандаҳои ҷиноятии вилояти Хатлон Нурмуҳаммад Нуров ба 14 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...