Ҳукми 14 соли зиндон ба сокини Панҷ барои куштори хостгори духтараш

Сокини ноҳияи Панҷ Хуршед Ғолибов ба хотири дӯст доштани духтари маҳаллӣ ва хоҳиши бо ӯ оила барпо кардан ҷони худро аз даст дод. “Хуршед ба Дилафрӯз ошиқ шуда, моҳи октябри соли гузашта ба хонаи онҳо хостгор мефиристад. Падари духтар Нурмуҳаммад Нуров қатъиян розӣ набуд, ки духтараш ба ин ҷавон ба шавҳар барояд. Илова бар ин, […]

Сокини ноҳияи Панҷ Хуршед Ғолибов ба хотири дӯст доштани духтари маҳаллӣ ва хоҳиши бо ӯ оила барпо кардан ҷони худро аз даст дод.

“Хуршед ба Дилафрӯз ошиқ шуда, моҳи октябри соли гузашта ба хонаи онҳо хостгор мефиристад. Падари духтар Нурмуҳаммад Нуров қатъиян розӣ набуд, ки духтараш ба ин ҷавон ба шавҳар барояд. Илова бар ин, моҳи декабри соли гузашта ӯ ҷиҳати ба хеши наздикаш Суҳроб Бобохонов хонадор шудани Дилафрӯз розигӣ дода буд”, – қайд мешавад дар хабари Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ.

Ғолибов аз ин хабардор шуда, ба Нуров телефон мекунад ва мегӯяд, ки бо духтараш се сол инҷониб муносибатҳои ошиқона дорад ва барои оила барпо намудан бо духтараш иҷозат диҳад.

“Рӯзи 24 январи соли равон Хуршед Ғолибов бо номзади имконпазири духтар Суҳроб Бобохонов ба хонаи Нурмуҳаммад Нуров меоянд. Ғолибов назди шоҳидон такрор мекунад, ки бо духтар се сол боз муносибати ошиқона доранд, вале Дилафрӯз инро рад мекунад. Ин замон падари духтар ба қисмати гардани Ғолибов ду маротиба бо корд зарба мезанад, ки дар натиҷа ҷавон ҳалок мешавад”, – қайд мешавад дар маълумот.

Бо қарори коллегия оид ба парвандаҳои ҷиноятии вилояти Хатлон Нурмуҳаммад Нуров ба 14 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.