Дар Ховалинг ду ноболиғ зери чархи мошин монданд

Дар ноҳияи Ховалинг автомашинаи боркаши “Форланд” ду нафар кӯдаконро пахш кард, ки дар натиҷа яке дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, ноболиғи дигар бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 1 июл дар роҳ аз маркази ноҳияи Ховалинг ба самти деҳаи Лоҳутӣ рух додааст. “Ронандаи 33-солаи […]

Дар ноҳияи Ховалинг автомашинаи боркаши “Форланд” ду нафар кӯдаконро пахш кард, ки дар натиҷа яке дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, ноболиғи дигар бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 1 июл дар роҳ аз маркази ноҳияи Ховалинг ба самти деҳаи Лоҳутӣ рух додааст.

“Ронандаи 33-солаи автомашина, сокини ҳамин ноҳия Фирӯз Мансуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду пиёдагарди синни 15 ва 19-соларо бо автомашинааш пахш мекунад”, – омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, мутаассифона, писарчаи 9-сола аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, навраси 15-сола дар бемористон бистарӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон тамоми ҳолатҳои рух додани ин ҳодисаи садамаи нақлиёт мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.