Ифтитоҳи Хуҷанд Плаза”, туҳфа ба ятимон ва боздид аз “Сирдарё”

Asia-Plus

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд дар маросими ба истифода додани Маркази савдою хизматрасонии «Хуҷанд Плаза» иштирок кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маркази савдою хизматрасонӣ  бо саҳмгузории соҳибкори ватанӣ Шавкат Аюбов бо харҷи 8 млн сомонӣ бунёд гардидааст.

Лоиҳаи иншооти мазкур, ки аз 2 қисми 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад, аз ҷониби ширкатии «Ориён КС» таҳия гардида, бо қувваи коргарону мутахассисони ширкати «Нанотех М»-и шаҳри Хуҷанд бо тарҳу намуди хоса сохта шудааст.

Дар ошёнаи 1-уми марказ толори ҳусн, мағозаи фурӯши либоси тӯёна, қаҳвахона, дар ошёнаҳои 2-юму 3-юм тарабхонаҳо ҷойгир шуда, дар ошёнаи  4-ум маркази бозию шуғли кӯдакон таъсис меёбад.

Дар толори қаҳвахонаи “Хуҷанд Плаза”мулоқоту суҳбати президент бо 50 нафар кӯдакони ятим аз шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Пешвои миллат ба ҳар яки ин фарзандон туҳфаҳо – сару либос ва маблағ тақдим кард.

Қаблан сарвари давлат бо фаъолияти корхонаи коркарди мева, истеҳсоли афшура, хамира, қайла ва нӯшобаҳо аз меваҳои ширкати «Сирдарё» шинос шуд. Корхона соли 2009 бо саҳми соҳибкори ватанӣ Мансур Каримов таъсис ёфтааст.

Дар коргоҳҳои истеҳсолӣ хатҳои технологии муосири истеҳсоли давлатҳои Аврупо, Русия ва Чин васлу насб гардидаанд. Иқтидори истеҳсолии хатҳои технологӣ бо назардошти коркарди мавсимии меваю сабзавот дар як шабонарӯз наздики 10 тонна меваю сабзавотро ташкил медиҳад.

Дар корхонаи “Сирдарё” афшураҳои мевагӣ, афшураи помидор, хамираи меваҳо, хамираи помидор, нектарҳо, нӯшобаҳои мевагӣ, нӯшокиҳо бо таъми мева ва консерви сабзавот истеҳсол мешавад.

Гуфта мешавад, ар бозори истеъмолӣ рақобатпазирии маҳсулоти корхона собит гардида, дар бозори дохилӣ бо нишони молии «Мерси Баку» мавқеи худро пайдо намудааст.

Афшураю нӯшобаҳои мевагии аз нигоҳи экологӣ тозаи корхона ба хориҷи кишвар, аз ҷумла давлатҳои Афғонистону Қирғизистон содирот карда мешаванд.

Рӯзи 1 июл дар ноҳияи Деваштич президент аз заминҳои кишти картошка ва зироати ғалладона боздид намуда, бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...