Раҳмон Путинро бо анҷоми муваффақонаи овоздиҳӣ барои тағйирот ба Конститутсия табрик кард

Asia-Plus

Ба ақидаи Эмомалӣ Раҳмон, “тағйироти конститутсионӣ ба нафъи тамоми шаҳрвандони  Русия аст”.

Имрӯз  суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ибтидои суҳбат Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро ба муносибати бо муваффақият анҷом ёфтани раъйпурсӣ барои тағйирот ба Конститутсияи Русия сидқан табрик намуд.

“Нишондиҳандаҳои баланди иштироки раъйдиҳандагон  дар он боз як далели возеҳи аз ҷониби ҷомеа пурра дастгирӣ ёфтани сиёсате мебошад, ки  роҳбарияти кишвар ҷиҳати тақвияти давлатдорӣ  дар Русия пеша кардааст”, – таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ба ақидаи Эмомалӣ Раҳмон, тағйироти конститутсионӣ ба раванди рушди босуботи кишвар  такони тоза бахшида, ҳатман  ба нафъи тамоми шаҳрвандони  Русия хизмат хоҳанд кард. Дар ин зимн президенти Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Русия сулҳу амонӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоии бардавом орзу кард.

Гуфта мешавад, сарони кишварҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Бино ба маълумоти ахири ВАО-и Русия, иштироки шаҳрвандон дар овоздиҳии умумирусиягӣ оид ба тағйирот ба Конститутсияи ин кишвар 67,97%-ро ташкил дода, 77,92% тағйиротро ҷонибдорӣ ва 21,27% мухолифи онҳо овоз додаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...