Ҳабси гумонбари таҷовуз ба номуси духтарчаи 12-сола дар Ҳисор

Дар Ҳисор марди 42-соларо, ки ба таҷовуз ба номуси духтарчаи 12-сола гумонбар дониста мешавад, боздошт карданд. “Мард боздошт шуда, айни замон дар ҳабс қарор дорад. Нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба ӯ то 25 соли маҳрумият аз озодӣ таҳидид мекунад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини раиси Ҳизби Сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Маҳмурод Одинаев. […]

Дар Ҳисор марди 42-соларо, ки ба таҷовуз ба номуси духтарчаи 12-сола гумонбар дониста мешавад, боздошт карданд.

“Мард боздошт шуда, айни замон дар ҳабс қарор дорад. Нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба ӯ то 25 соли маҳрумият аз озодӣ таҳидид мекунад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини раиси Ҳизби Сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Маҳмурод Одинаев.

Ӯ саҳеҳ нагуфт, ки парвандаи ҷиноятӣ аз рӯйи кадом модда боз шудааст. Одинаев ҳамчунин шарҳ дод, ки волидони духтарча аъзои ҲСДТ буда, аз ин рӯ, ба онҳо кумак мекунанд.

“Падару модари духтарча аъзои ҳизби мо мебошанд, аз ин рӯ, таҳти ҳимояи мо қарор доранд. Ҷараёни тафтишот зери назорати раҳбарият ҳизб буда, дар сурати зарурат раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров аз манфиатҳои духтари ноболиғ ҳимоя хоҳад кард”, – қайд кард Одинаев.

Барои дарёфти маълумоти зарурӣ дар бори ин қазия ба прокуратураи шаҳри Ҳисор муроҷиат кардем, лекин дар он ҷо гуфтанд, ки дархост хаттӣ пешниҳод намоем.

Ёдрас мекунем, ки дар бораи ин ҳодисаи гӯшношунаид рӯзи 17 июн Раҳматилло Зойиров дар саҳифаааш дар Facebook хабар дод.

Ӯ дар бораи таҷовуз ба номуси духтари 12-сола дар ҷамоати деҳоти Сомон, участкаи Кӯчабоғ дар Ҳисор аз ҷониби ҳамсояаш иттилоъ дод:

“Шаҳрванди 42-сола Ҳ.А. соли гузашта дар говхона ба номуси духтари 12-сола таҷовуз кард. Ӯ бо таҳдид ва истифода аз ҳолати нотавонии духтар ин корро чандин маротиба такрор кардааст. Ду моҳ пештар духтар кӯдак таваллуд карда, ҳозир дар Ҳисор болои духтар ва волидони ӯ фишор оварда мешавад, то ки қазия бо роҳи соишта ва бидуни оқибат ҳал шавад".

Дар ВКД Тоҷикистон дар посух ба изҳороти Раҳматилло Зойиров қайд карданд, ки “кормандони милитсия далели таҷовуз ба номусро ба қайд гирифта, айни замон прокуратураи шаҳри Ҳисор ба тафтиши ин далел машғул аст”.

Ба гуфтаи волидони духтарча, онҳо қариб як сол пеш ба прокуратура ва шуъбаи корҳои дохилӣ ҷиҳати шикоят аз болои ҳамсояашон муроҷиат карда, лекин аризаашонро қабул накардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.