Зодагони Ванҷ ба беморхонаи ноҳия мошини Ёрии таъҷилӣ тақдим карданд

Гурӯҳе аз зодагони ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар доираи як ибтикори шаҳрвандӣ дар давраи коронавирус аз тариқи шабакаи Facebook маблағ ҷамъ оварда, барои Беморхонаи марказии ноҳия мошини “Ёрии таъҷилӣ” хариданд. Яке аз масъулони ин ибтикори шаҳрвандӣ Иршод Сулаймонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар маҷмӯъ ин гурӯҳ аз 16-уми май то кунун барои Беморхонаи марказӣ, ҳамаи бунгоҳҳои […]

Гурӯҳе аз зодагони ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар доираи як ибтикори шаҳрвандӣ дар давраи коронавирус аз тариқи шабакаи Facebook маблағ ҷамъ оварда, барои Беморхонаи марказии ноҳия мошини “Ёрии таъҷилӣ” хариданд.

Яке аз масъулони ин ибтикори шаҳрвандӣ Иршод Сулаймонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар маҷмӯъ ин гурӯҳ аз 16-уми май то кунун барои Беморхонаи марказӣ, ҳамаи бунгоҳҳои тиббии ноҳия ва марказҳои саломатӣ ба маблағи беш аз 100 ҳазор сомонӣ ёрӣ расониданд.

Вай афзуд, ки дар гурӯҳи фейсбукии марбут ба зодагони Ванҷ эълони ҷамъоварии маблағро нашр карданд. Дар давоми ду ҳафта наздик ба 60 ҳазор сомонӣ ҷамъ шудааст.

Баъдан бархе аз соҳибкорони зодани ноҳия, ки дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд, ба ин ибтикор ҳамроҳ шудаанд. Аз ҷумла, хонаводаи соҳибкорон Хушаковҳо аз вилояти Твери Русия барои Беморхонаи ноҳия ва ҳамаи бунгоҳҳои тиббӣ ба маблағи 250 ҳазор рубли русӣ 300 либоси муҳофизатии бисёрмасрафа ва 3 ҳазор ниқоби тиббӣ фиристоданд.

Иршод Сулаймонӣ мегӯяд, бо ин маблағ як мошини Ёрии таъҷилӣ, мошини ҷомашӯйӣ, доруҳои зарурӣ ва дигар маводи тиббӣ хариданд. Ҳамчунин барои бархе аз табибоне, ки ба муолиҷаи беморони COVID-19 машғул буданд, ёрии пулӣ низ расонида шудааст.

Инчунин хонаводаи Хушаковҳо барои Беморхонаи Рӯшон 100 либоси муҳофизатӣ ва 3 ҳазор ниқоби тиббӣ ҳам фиристоданд. Ин ёриҳоро масъулони ибтикори шаҳрвандӣ ба Беморхонаи марказӣ ва бунгоҳҳоии тиббии ноҳия бурда расониданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.