Раҳмон Путинро бо анҷоми муваффақонаи овоздиҳӣ барои тағйирот ба Конститутсия табрик кард

Ба ақидаи Эмомалӣ Раҳмон, “тағйироти конститутсионӣ ба нафъи тамоми шаҳрвандони  Русия аст”. Имрӯз  суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ибтидои суҳбат Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро ба муносибати бо муваффақият анҷом ёфтани раъйпурсӣ барои тағйирот ба Конститутсияи Русия сидқан табрик намуд. […]

Ба ақидаи Эмомалӣ Раҳмон, “тағйироти конститутсионӣ ба нафъи тамоми шаҳрвандони  Русия аст”.

Имрӯз  суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ибтидои суҳбат Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро ба муносибати бо муваффақият анҷом ёфтани раъйпурсӣ барои тағйирот ба Конститутсияи Русия сидқан табрик намуд.

“Нишондиҳандаҳои баланди иштироки раъйдиҳандагон  дар он боз як далели возеҳи аз ҷониби ҷомеа пурра дастгирӣ ёфтани сиёсате мебошад, ки  роҳбарияти кишвар ҷиҳати тақвияти давлатдорӣ  дар Русия пеша кардааст”, – таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ба ақидаи Эмомалӣ Раҳмон, тағйироти конститутсионӣ ба раванди рушди босуботи кишвар  такони тоза бахшида, ҳатман  ба нафъи тамоми шаҳрвандони  Русия хизмат хоҳанд кард. Дар ин зимн президенти Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Русия сулҳу амонӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоии бардавом орзу кард.

Гуфта мешавад, сарони кишварҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Бино ба маълумоти ахири ВАО-и Русия, иштироки шаҳрвандон дар овоздиҳии умумирусиягӣ оид ба тағйирот ба Конститутсияи ин кишвар 67,97%-ро ташкил дода, 77,92% тағйиротро ҷонибдорӣ ва 21,27% мухолифи онҳо овоз додаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.