Зиндони нав барои маҳкумшудагон ба терроризм дар Тоҷикистон

Баъди ду моҳ дар шаҳри Ваҳдат сохтмони зиндони навъи ҳуҷравӣ барои маҳкумшудагон ба терроризм ба охир расида, ин иншоот мавриди баҳрабадорӣ қарор мегирад. “Корҳои сохтмон дар иншоот ҳоло идома дошта, умедворем, ки баъди ду моҳ сохтмон ба итмом мерасад, зеро корҳои асосӣ дар он аллакай ба анҷом расидаас”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Баъди ду моҳ дар шаҳри Ваҳдат сохтмони зиндони навъи ҳуҷравӣ барои маҳкумшудагон ба терроризм ба охир расида, ин иншоот мавриди баҳрабадорӣ қарор мегирад.

“Корҳои сохтмон дар иншоот ҳоло идома дошта, умедворем, ки баъди ду моҳ сохтмон ба итмом мерасад, зеро корҳои асосӣ дар он аллакай ба анҷом расидаас”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Мансурҷон Умаров.

Ба гуфтаи ӯ, маҳбусони Муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт ба зиндони нав гузаронида мешаванд. Тақдири ояндаи зиндони куҳна чӣ мешавад, ҳоло маълум нест.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябр Мансурҷон Умаров дар як форум изҳор дошта буд, ки лоиҳаи сохтмони зиндони нав аз ҷониби мақомоти масъул дар ҳамдастӣ бо мутахассисони пажуҳишгоҳи лоиҳавӣ бо назардошти талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ таҳия шудааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон 19 муассисаи ислоҳии ҷиноятӣ амал мекунанд, ки 13-тоаш муассисаи ислоҳӣ ва 6-тоаш ҷойҳои таҳти ҳабс нигоҳ доштан мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.