ВКД сабаби сар задани сӯхторро дар “Душанбе Молл” шарҳ дод

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Тибқи фарзияи пешакӣ, сабаби сар задани сӯхтор дар маркази савдои “Душанбе Молл”, ки дар он гипермаркети “Ашан” воқеъ аст, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ унвон мешавад.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, сӯхтор нимаи дуюми рӯзи 7 июл ба амал омада, 14 адад нақлиётҳои сӯхторхомушкунии асосӣ ва махсуси ҷузъу томҳои Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.

“Дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар шифти ташнобхонаи (ҳоҷатхона) ошёнаи чоруми бинои марказ сӯхтор сар зад, – қайд мешавад дар хабар. – Дар вақти ба маҳалли ҳодиса расидани кормандони Хадамоти оташнишонӣ дар масоҳати 1 метри мураббаъ шифтро забонаи оташ ва ошёнаи чорумро қисман дуди ғализ фаро гирифта буд”.

Гуфта мешавад, кормандони Хадамоти оташнишонӣ дар як вақт тахминан 250 нафар кормандон ва мизоҷон, инчунин миқдори муайяни молу ашёҳои қиматнокро аз бинои Маркази савдои мазкур ба ҷойи бехавф кӯчонида, ҳамзамон роҳҳои паҳншавии оташ дар ҳама самтҳо пешгирӣ ва сӯхтор дар масоҳати аввалааш базудӣ хомӯш карда шуд.

https://www.youtube.com/watch?v=PF61rgdj9Oc

Навори видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷойи ҳодиса

Дирӯз дар изҳороти маъмурияти “Молл Душанбе” дар шабакаи “Фейсбук” зикр гардида буд, ки “мувофиқи гумонҳои пешакӣ, сӯхтор бар асари сигори хомӯшнашуда дар ҳоҷатхонаи занонаи ошёнаи сеюм марказ ба амал омадааст”.

Таъкид мешавад, ки низоми огоҳкунии марказ бо маркази идоракунии Хадамоти оташнишонии ВКД пайвваст буда, бо ин огоҳӣ гурӯҳҳои оташнишонон фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

Навори видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷойи ҳодиса

Гипермаркети “Ашан” (Душанбе Молл) дар пойтахти Тоҷикистон моҳи июни соли 2016 ба фаъолият оғоз кард. Он замон “Ашан”-и Душанбе бузургтарин гипермаркет дар минтақаи Осиёи Марказӣ номида шуд. Сохтмони он муддати се сол давом кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.