“Сомон Эйр” тоҷикистониёнро аз Франкфурт овард

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” рӯзи 8 июл 182 шаҳрванди Тоҷикистонро аз шаҳри Франкфурти Олмон ба ватан овард.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, пас аз муоина 3 мусофири ин ҳавопаймо бо аломатҳои коронавирус дар беморхона бистарӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, боқимонда мусофирон ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, дар муддати 14 рӯз бояд дар карантин бошанд ва дар сурати пайдо шудани ягон аломати беморӣ бояд фавран ба табиб муроҷиат намоянд.

“Ҳамаи шаҳрвнадоне, ки аз кишварҳои гуногун ба Тоҷикистон меоянд, аз тести COVID-19 мегузаранд. Шаҳрвандоне, ки натиҷаи тсташон манфӣ мебарояд, метавонанд ба хонаҳояшон раванд. Афроде, ки натиҷаи тесташон мусбат аст, бояд давраи муолиҷаро гузаронанд. Шаҳрвандоне, ки аз сарҳади Ӯзбекистону Қирғизистон меоянд, дар беморхонаҳои вилояти Суғд ва шахсоне, ки ба Душанбе меоянд, дар Ромит ва Варзоб табобат мегиранд”, – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки дастаи табибон дар озмоишгоҳи фурудгоҳ аз 8 нафар иборат аст.

Дар Вазорати тандурустӣ таъкид доштанд, ки ҳамаи ҳолатҳои ошкоршудаи коронавирус дар шахсоне, ки ба кишвар ворид мешаванд, ба маълумоти омории ҳамарӯза дар Тоҷикистон дохил карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...