Заминҷунбӣ дар минтақаи шимоли Тоҷикистон

Имрӯз, 9 июл соати 11:40 бо вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон бо қувваи 4.5 балл заминҷунбӣ рух дод. Бино ба маълумоти Хадамаоти аврупоии зилизилашиносӣ, заминҷунбӣ дар чуқурии 10 километр ба амал омада, маркази он дар 10 километрии ҷануби ноҳияи Сптамен ва 33 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хуҷанд сабт гардидааст. Дар шаҳри Душанбе заминҷунбӣ эҳсос нашуд. Дар […]

Имрӯз, 9 июл соати 11:40 бо вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон бо қувваи 4.5 балл заминҷунбӣ рух дод.

Бино ба маълумоти Хадамаоти аврупоии зилизилашиносӣ, заминҷунбӣ дар чуқурии 10 километр ба амал омада, маркази он дар 10 километрии ҷануби ноҳияи Сптамен ва 33 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хуҷанд сабт гардидааст.

Дар шаҳри Душанбе заминҷунбӣ эҳсос нашуд. Дар бораи осебдидагону харобиҳо маълумот дода нашудааст.

Тавре Podrobno.uz хабар медиҳад, дар ҳамсоякишвари Ӯзбекистон низ заминларза эҳсос шуда, маркази он дар 145 километрии ҷануби шаҳри Тошканд ба қайд гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки бар асари заминларзаи охири рӯзи 4 июл дар Тоҷикистон дар панҷ деҳаи ноҳияи Тоҷикобод (водии Рашт) манзили сокинони маҳаллӣ ва биноҳои хоҷагидори қисман осеб диданд.

Тибқи маълумоти Пажуҳишгоҳи зилзилашиносии кишвар, маркази заминларзаи рӯзи 4 июл дар 201 километрии шимолу шарқи Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод воқеъ буд. Дар марказ қувваи заминҷунбӣ 5 балл ва дар Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.