“Сомон Эйр” тоҷикистониёнро аз Франкфурт овард

Ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” рӯзи 8 июл 182 шаҳрванди Тоҷикистонро аз шаҳри Франкфурти Олмон ба ватан овард. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, пас аз муоина 3 мусофири ин ҳавопаймо бо аломатҳои коронавирус дар беморхона бистарӣ шуданд. Ба иттилои манбаъ, боқимонда мусофирон ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, дар муддати 14 рӯз бояд […]

Ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” рӯзи 8 июл 182 шаҳрванди Тоҷикистонро аз шаҳри Франкфурти Олмон ба ватан овард.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, пас аз муоина 3 мусофири ин ҳавопаймо бо аломатҳои коронавирус дар беморхона бистарӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, боқимонда мусофирон ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, дар муддати 14 рӯз бояд дар карантин бошанд ва дар сурати пайдо шудани ягон аломати беморӣ бояд фавран ба табиб муроҷиат намоянд.

“Ҳамаи шаҳрвнадоне, ки аз кишварҳои гуногун ба Тоҷикистон меоянд, аз тести COVID-19 мегузаранд. Шаҳрвандоне, ки натиҷаи тсташон манфӣ мебарояд, метавонанд ба хонаҳояшон раванд. Афроде, ки натиҷаи тесташон мусбат аст, бояд давраи муолиҷаро гузаронанд. Шаҳрвандоне, ки аз сарҳади Ӯзбекистону Қирғизистон меоянд, дар беморхонаҳои вилояти Суғд ва шахсоне, ки ба Душанбе меоянд, дар Ромит ва Варзоб табобат мегиранд”, – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки дастаи табибон дар озмоишгоҳи фурудгоҳ аз 8 нафар иборат аст.

Дар Вазорати тандурустӣ таъкид доштанд, ки ҳамаи ҳолатҳои ошкоршудаи коронавирус дар шахсоне, ки ба кишвар ворид мешаванд, ба маълумоти омории ҳамарӯза дар Тоҷикистон дохил карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.